Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Санаи 28 декабр дар конфронс-зали меҳмонхонаи «Суғдиён», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар дар мавзӯи «Дастрасӣ ба адолати судӣ» баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии Дастгоҳи Раиси вилоят дар ҳамоҳангсозӣ бо Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд ва Раёсати адлияи вилояти Суғд ташкил ва баргузор гардид. Дар мизи мудаввар кормандони шуъбаи хуқуқи МИҲД-и шаҳру навоҳии вилояти Суғд, ҳуқуқшиносони муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди вилоят корбарӣ мекунанд, адвокатҳо ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Чорабиниро мудири шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии Дастгоҳи Раиси вилоят Тӯйчизода Т. оғоз намуда, иштирокчиёнро бо барнома ва ҳадафи чорабинӣ шинос намуд. Маълумот оид ба «Дастрасӣ ба адолати судӣ» аз ҷониби Раиси мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Саидов С. М. пешкаш карда шуд. Инчунин меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» баррасӣ карда шуданд, ки бевосита ба фаъолияти ҳамарӯзаи марказҳои ҳуқуқӣ-ёрирасон алоқамандии зич доранд.

Роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд Хамидова Ҳ. бо маърӯза дар мавзӯи «Накши Ваколатдор оид ба хукуки инсон дар хифзи хукук ва озодихои инсон ва шахрванд» баромад намуда, ба ҳозирин оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба хукуки инсон», дар бораи «Стратегияи макомотм Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои солхои 2021-2025», инчунин «Барномаи таълим дар сохаи хукуки инсон барои солхои 2022-2026» маълумот пешниҳод намуд.

Дар фарљоми чорабинӣ суолу ҷавоб байни иштирокчиён баргузор гардид.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор