Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Санаи 5 январи соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумии кормандон оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 бо иштироки сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Орзузода баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ сараввал аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар соли 2022 маълумоти мухтасар пешниҳод карда шуд.

Сипас сардорони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи ВҲИ оид ба бурду бохти фаъолият дар соли 2022 ҳисобот пешниҳод намуданд.

Дар охир сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Орзузода суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон, инчунин доир ба мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти баъзе мақомоти давлатӣ, ки аз натиҷаи санҷишҳо ошкор карда шуданд, ибрози назар намуда, таъкид намуданд, ки ҷиҳати роҳ надодан ба чунин камбудиҳо мувофиқи мақсад аст, ки кормандони мақомоти ВҲИ фаъолияти худро мунтазам тақвият диҳанд.

Маҷлиси ҷамъбастии  кормандони  мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар соли 2022 бо дарназардошти ҳисоботи пешниҳодшуда ва фикру мулоҳизаҳои баёншуда қарорҳои дахлдор қабул намуд ва аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода изҳори боварӣ карда шуд, ки кормандони мақомот дар соли 2023 низ ҷиҳати амалисозии сиёсати ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷумҳурӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда саъю талош мекунанд.

 

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор