Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

ДУШАНБЕ, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олӣ аз 23 декабри соли 2022 ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти мазкур хабар доданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед  Бобозода иброз дошт, ки дар таърихи муосири давлатдории миллати тоҷик Паёми Сарвари давлат ба сифати падидаи муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ зуҳур ёфта, дар раванди инкишоф ва ояндасозии ҷомеа ва давлат нақши ба худ хос касб намудааст. «Паём ҳамчун муроҷиатномаи расмии Сарвари давлат ба мардуми кишвар ва ҳуҷҷати таърихию дастурамали фаросоҳавӣ, таҳлилию таҳқиқотӣ хусусияти ҳидояткунандагию уҳдадорсозандагӣ ва ҳатмӣ- иҷрошавандагӣ дорад»,-изҳор дошт Ваколатдор.

Директори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон Ислом Фасеҳзода оид ба ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олӣ дар назди иштироккунандагон маърӯза намуда, ҳамзамон самтҳои гуногуни онро ба ҳозирин шарҳ дод.

Зикр шуд, ки Паёми Пешвои миллат моро барои устувору пойбарҷо мондан дар муқобили ҳама гуна таҳдиду хатарҳои рӯзафзун ва камари ҳиммат бастан ҷиҳати рушду нумуи Тоҷикистон бештар масъулиятшинос мегардонад.

Бознашр аз АМИТ "Ховар"

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор