Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Санаи 2 феврали соли 2022 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода, Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Орзузода, кормандони масъули мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022 баргузор гардид.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2022 маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, қайд намуданд, ки дар давраи сипаришуда фаъолияти мақомот тақвият ёфта, ҷиҳати ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон як қатор корҳо анҷом дода шуданд.

 Аз ҷумла, зиёда аз 1191 муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул ва баррасӣ гардида, дар шаҳру навоҳӣ ва минтақаҳои дурдасти аҳолинишин 99 машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ бо ҷалби 7000  шаҳрвандон  гузаронида шуданд ва ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои мурофиавии шаҳрвандон иштироки кормандони мақомоти ВҲИ дар 9 мурофиаҳои судӣ таъмин карда шуд.

Ҷиҳати муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар вазорату идораҳо ва сохторҳои зертобеи онҳо зиёда аз 64 санҷишу мониторинг ва боздидҳо анҷом дода шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ошкоршуда тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд. Инчунин бо мақсади такмил додани қонунгузории миллӣ ба 50 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

Бо мақсади мусоидат дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бо ибтикори ВҲИ  зиёда аз 42 чорабиниҳои иттилоотӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат гузаронида шуда, кормандони мақомот 242 маротиба дар васоити ахбори оммаи ҷуммҳуриявӣ баромад намуданд. Инчунин 4 шумораи навбатии маҷаллаи “Ахбори ВҲИ” ва нашри махсуси он бахшида ба паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.12.2022 таҳия ва нашр гардида, ба иштирокчиёни чорабиниҳои ВҲИ ва китобхонаҳои вазорату идораҳо ройгон дастрас карда мешаванд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2022 баргузории Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор дар робита бо ҳуқуқу озодиҳои инсон” буд. Конференсияи мазкур рӯзи 14 июни соли 2022 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иқдоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо иштироки зиёда аз 300 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, волонтёрҳо ва васоити ахбори омма баргузор гардид.

Ҳамасола бо иқдоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд Ҳафтаи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Соли 2022 низ ҳамин анъана идома ёфта, аз 5 то 10 декабри соли 2022 мизҳои мудаввари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба муаррифии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”, дар мавзӯъҳои “Ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ”, “Зӯроварӣ дар оила - мушкилоти иҷтимоии замони муосир” ва мизи мудаввари ҷамъбастӣ оид ба таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон баргузор гардиданд.       

Пас аз гузориши мухтасари муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак М. Бобоҷонзода оид ба фаъолият дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, аз ҷониби намояндагони васоити ахбори омма доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқу озодиҳои инсон саволҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд. Ба саволҳои баёншуда Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, муовини ӯ ва дигар маъулини Дастгоҳи ВҲИ ҷавобҳои муфассал ва қонеъкунанда доданд.

Дар анҷоми нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба рӯзноманигорон барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид карданд, ки ҳамкориҳои мо бо васоити ахбори омма фақат дар доираи нишастҳои матбуотӣ маҳдуд набуда, дарҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯзноманигорон ҳамеша боз аст.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор