Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

ДУШАНБЕ, 23.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи вазъи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия, ҳифзи ҳуқуқҳо ва ба Ватан баргардонидани онҳо ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Доғистон муроҷиат намудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре аз мактуби ҷавобии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Доғистон Ҷамол Алиев бармеояд, айни замон 12 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои вайрон намудани қойидаҳои буду бош дар Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии ВКД дар Ҷумҳурии Доғистон қарор дошта, шароити нигоҳдории онҳо хуб аст.

Айни ҳол масъалаи барқарор намудани ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият ва ба Ватан баргардонидани онҳо баррасӣ гардида истодааст.

Ҷамол Алиев иброз доштааст, ки раванди мазкур зери назорати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Доғистон қарор дорад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бо Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони дигар кишварҳо ҳамкории судмандро идома медиҳад.

 

Бознашр аз АМИТ «Ховар»

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор