Муроҷиати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳолати пардохт нагардидани музди маоши шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби ширкати «Крокус Групп» дар Федератсияи Россия, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, санаи 25 феврали соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳо ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия Маскалькова Т. Н. ҷиҳати санҷиш ва зери назорат гирифтани масъалаи мазкур муроҷиат намуд. Дар муроҷиат Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода аз ҳамтои худ хоҳиш кард, ки аз натиҷаи санҷиш ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар асоси ҳамкориҳои тарафайн Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия муроҷиат намуда буд ва муроҷиатҳои мазкур ҳалли мусбии худро ёфтанд.
Умедворем муроҷиати навбатӣ низ ҳалли худро меёбад.
Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои
иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон