Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

November 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30

Ҳамватанони азиз!

Бо камоли эҳтиром ва ифтихору шарафмандӣ мардуми шарифи Тоҷикистон ва халқҳои “Ҳавзаи Наврӯз”-ро бо фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз самими қалб муборакбод мегӯем.

Ҳазорсолаҳост, ки ҷашни Наврӯз ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги миллӣ ва ҳастии халқи тоҷик мебошад ва новобаста аз вазъи сиёсиву иқтисодӣ, диниву дунявӣ ва пастиву баландиҳои зиндагӣ мардуми сарбаланди тоҷик дар ҳамаи давру замонҳо ин ҷашни аҷдодии худро истиқбол мегирад.

Наврӯзи хуҷастапай бо таъриху тамаддун, адабиёту фарҳанг, тафаккур ва ҷаҳонбинии халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад.

Маҳз бо шарофати Истиқлолият давлатӣ ва заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз аз нав эҳё ва ҷаҳонӣ гашт.

Ҳанӯз моҳи феврали соли 2010 бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи 64-уми худ қатъномаи Рӯзи ҷаҳонии Наврӯзро қабул намуд. Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон ҳамдигарро бо ибораи зебои тоҷикии “Наврӯз муборак!” табрику таҳният мегӯянд.

Мо низ мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони “Ҳавзаи Наврӯз”-ро бо фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик гуфта, ба якояки онҳо тандурустӣ, комёбӣ, бахту саодат, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона ва пешрафту дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоем.

Наврӯзатон муборак,  ҳамватанони азиз!

 

 

Бо камоли эҳтиром,
роҳбарият ва ҳайати кормандони мақомоти
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор