Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Тренинги омӯзишӣ оид ба стандартҳои байналмилалӣ ва миллии пешгирии зӯроварӣ дар оила

Рӯзи 17 марти соли 2022 бо ташаббуси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ Тренинги омӯзишӣ оид ба стандартҳои байналмилалӣ ва миллии пешгирии зӯроварӣ дар оила баргузор гардид. Дар тренинги мазкур кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нозирони пешгирии зӯроварӣ дар оила аз Шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Исфара, Ваҳдат, ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ, Бобоҷон Ѓафуров, Ёвон, Восеъ ва Рашт иштирок намуданд.

Дар чорабинии омӯзишӣ мавзӯҳои падидаи зӯроварӣ дар оила ҳамчун мушкилоти замони муосир, стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ, механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, механизмҳои байналмилалӣ ва миллии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва пешгирии зӯроварӣ нисбати кудакон мавриди омӯзиш қарор дода шуданд.

Зимни тренинг аз усули кор дар гурӯҳҳо истифода шуда, масъалаҳои вобаста ба омилҳои сар задани зӯроварӣ дар оила ва роҳҳои пешгирии он мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.

Ҳамчунин намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти мақомот дар самти амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ибрози андеша намуданд.

Байни тренерон ва нозирони пешгирии зӯроварӣ дар оила оид ба стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ мубодилаи афкор баргузор гардида, ҷиҳати мушкилоти ҷойдошта дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила ва таҷрибаи корӣ фикру андешаҳо ва тавсияҳои дахлдор пешниҳод пешниҳод гардиданд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор