Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ ҳамоиш доир намуд
ДУШАНБЕ, 29.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи силсилачорабиниҳои иттилоотӣ вобаста ба шарҳу эзоҳи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои кормандони Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҳамоиши иттилоотӣ баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти мазкур хабар доданд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз ба ҳисоб рафта, яке аз ваколатҳои он гузаронидани барномаҳои омӯзишӣ ва маърифатӣ дар самти ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз мебошад.
Ҳамоиш бо мақсади такмил додани донишҳои касбӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ дар самти баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз гузаронида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тасмим гирифтааст, ки чунин барномаҳои иттилоотиро дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ баргузор намояд.