Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед дар ҷашнвораи Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Вахш

 

Санаи 21 марти соли 2023 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2023, №24/10-2 ҷиҳати омодагӣ барои таҷлили ҷашни бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

Дар ҷашнвораи мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ин замина қарори раиси ноҳияи Вахш аз 13 марти соли 2023, №83 «Дар бораи омодагӣ ва таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2023» ба имзо расида, тибқи он Кумитаи тадорукоти ноҳиявӣ таъсис ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуд.

 

Зимни баргузории чорабинӣ намоши омоданамудаи ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маҳсули ҳунармандон ва кадбонуҳо, инчунин барномаи театрикунонидашудаи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия манзури меҳмонони расмии ҷашнвора ва тамошобинони сершумор гардонида шуд.

Дар ин рӯз инчунин бо иштироки меҳмонони расмии чорабинӣ дар деҳаи Инқилоби Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод бинои наву замонавии таълимии дуошёна иборат аз 11 синфхона барои 660 нафар хонандагон дар ду баст мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда тамоми ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷиҳати сазовор ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ вазифадор карда шуда, ҳамзамон ба корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ дар ҳудуди ноҳия вусъати тоза бахшида шуд.

Ҷиҳати баргузор намудани озмуни “Сайри гули лола” 12 ҳазору 400 дона гули лола шинонида шуда, вобаста ба ободу зебо гардонидани ноҳия 20 ҳазору 400 адад ниҳолҳои сояафкан, 10 ҳазору 100 адад ниҳолҳои ҳамешасабз, 10 ҳазору 200 адад ниҳолҳои ороишӣ ва барои ташкил намудани гулгаштҳо 162 ҳазор дона гулҳои мавсимӣ ва 36 ҳазору 300 дона гулҳои садбарг шинонида шуд.

Бо мақсади татбиқи саривақтии дастуру ҳидоятҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи нақшаи тасдиқгардида дар арафаи ҷашни Наврӯз ба табақаи ниёзманди аҳолӣ, бахусус ятимони кулл, оилаҳои камбизоат ва маъюбони ноҳия кумакҳои яквақтаи моддӣ расонида шуд.

Ҳамин тариқ, таҷлили ҷашни Наврӯзи байлалмилалӣ дар ноҳияи Вахш бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед дар сатҳи баланд баргузор щуда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш пешниҳод гардид, ки тамоми тадбирҳо ва имкониятҳои мавҷуда баҳри ҷоннок намудани раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ саривақтӣ ва сифатан иҷро карда шаванд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор