Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Мусоҳибаи телевизионӣ бо рӯзноманигорон

Санаи 31 марти соли 2023 дар утоқи кории Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд мусоҳибаи телевизионии роҳбари Намояндагӣ бо рӯзноманигорони ширкати вилоятии телевизион ва радиои «Азия» дар мавзӯи «Нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022» баргузор гардид.

Дар мусоҳибаи мазкур роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд Ҳабиба Ҳамидова аз ҷумла қайд намуд, ки таҳлили Паёми имсола нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз беҳбуди вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат ва устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ ғайра қарор гирифтаанд.

Паёми навбатӣ бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як марҳилаи таърихии давлатдориро сипарӣ намуд. Аз баромади Сарвари давлат чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳар як сухани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳият, мазмун ва мундариҷаи асосии Паёми мазкур ин инъикоси ҳаёти воқеии халқи тоҷик буда, дар он муқаддасоти истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ тараннум гардидаанд».

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор