Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ин дуюмин сафари сатҳи баланди роҳбарияти олии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бори нахуст Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2014 сафари расмӣ анҷом додаанд.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 29 майи 1992 барқарор шудаанд. Оғози фаъолияти Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи 22 сентябри соли 2007 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ба 23 марти соли 2008 рост меояд.

Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар заминаи вохӯрию мулоқотҳои сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев ба таври анъанавӣ дар руҳияи эҳтиром ва шарикӣ пайваста рушду тавсеа меёбанд.

Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҷонибдори густариш ва таҳкими устувору пайгиронаи ҳамкории минтақавию байналмилалӣ буда, ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеаи башарӣ дар доираи узвият дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба рушду густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 августи соли 2018 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафари расмӣ анҷом додаанд.


Дар рафти сафарҳои сатҳи баланди давлатӣ асосан самтҳои муҳими муносибатҳои ду давлат дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва гуманитарӣ, ки замнаи ҳамкории байнидавлатиро ташкил медиҳанд, муайян карда шудаанд.

Дар айни замон заминаи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон зиёда аз 55 созишнома ва шартномаро дар бар мегирад. Аз ҷумлаи муҳимтарин санад — Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошад, ки 16 марти соли 2007 имзо шудааст.

Санадҳои байнидавлатӣ асосан заминагузори ҳуқуқии таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон дар тамоми соҳаҳо мебошанд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи коммуникатсияи нақлиётӣ, аз ҷумла истифодаи имкониятҳои транзитию нақлиётии Озарбойҷонро метавон яке аз бахшҳои муҳими муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон арзёбӣ кард.

Дар ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ ва рушду тавсеаи пайвастаи онҳо Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкории иқтисодӣ нақши муассир мегузорад, ки ҷаласаҳои он бо мувофиқаи ҷонибҳо дар давлатҳои ҳамдигар гузаронида мешавад.

Тибқи маълумоти оморӣ, гардиши савдои хориҷӣ байни ду давлат дар соли 2022 6,2 млн долларо ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2021 0,1 млн доллар ё ин ки 1,6% зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ байни ду ҷумҳурӣ дар соли 2022 содирот ба маблағи 0,4 млн доллар анҷом дода шудааст, ки ин нисбат ба соли 2021 зиёд аст. Вале воридот дар соли 2022 нисбат ба соли 2021 ба андозаи 4,9 фоиз коҳиш ёфта, 5,8 млн долларо ташкил додааст. Рақамҳо далел аз он аст, ки имконоту иқтидорҳои мавҷудаи ду давлат барои рушду тавсеаи ҳамкорӣ, хусусан дар бахши тиҷорат ба пуррагӣ истифода намегарданд.

Як рӯз қабл аз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон низ имконияте мебошад, ки доираҳои тиҷоратию сармоягузории ду давлат бо имконоти ҳамдигар дар самти рушди ҳамкории гуногунҷанба шинос шаванд ва барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд кӯшиш ба харҷ диҳанд.


Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон пешбинӣ шудааст.

Аз сафари давлатии роҳбарияти олии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон умедвориҳои ҳар ду ҷониб зиёд аст ва бо боварӣ метавон гуфт, ки натиҷаҳои ин сафар дар оянда ба рушди устувори ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои афзалиятнок ва мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мусоидат менамояд.

 Бознашр аз: АМИТ «Ховар»

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор