Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Озарбойҷон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Дар ҳузури сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин;

— Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон;

— Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи гумруки Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ташкили табодули пешакии иттилоъ доир ба молҳо ва воситаҳои нақлиёт, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳуриии Озарбойҷон интиқол меёбанд;

— Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти мониторинги молиявии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба хамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ вобаста ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосӣ (предикатӣ) ва маблағгузории терроризм;

— Барномаи чорабиниҳо оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон то соли 2025;

— Харитаи роҳ оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон барои солҳои 2023-2024;

— Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон барои солҳои 2023-2024;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон;

— Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соҳаи сармоягузорӣ, пешбурди стартапҳо ва соҳибкорӣ;

— Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон;

— Ёддошти тафоҳум байни Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест”-и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ташвиқи содирот ва сармояи Ҷумҳурии Озарбойҷон;

— Протокол оид ба барқарор намудани равобити бародаршаҳрӣ байни шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Шушаи Ҷумҳурии Озарбойҷон;

— Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Озарбойҷон.

Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишварро неку назаррас арзёбӣ намуданд.

Бознашр аз АМИТ «Ховар»

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор