Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Чорабинии иттилоотӣ оид ба масъалаҳои баробарӣ ва манъи табъиз дар шаҳри Турсунзода

Дар асоси Дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Тибқи Нақшаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони масъули Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 7 апрели соли 2023  ҷиҳати шарҳу эзоҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” бо ҷалби  кормандони шуъбаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, рӯзноманигорон,  раисон ва фаъолони маҳаллаҳо дар шаҳри Турсунзода  чорабинии иттилоотӣ доир гардид. 

Зимни чорабинӣ ба иштирокчиён дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, ваколат ва фаъолияти он, дар бораи зарурияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз” маълумоти муфассал пешниҳод гардида, мафҳумҳои асосии қонуни зикршуда шарҳу эзоҳ гардиданд.

Ҳамчунин ба ҳозирин дар бораи ваколатҳои мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз, мақомоти дигари давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дар бораи ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ  дар  ин самт иттилоъ дода шуд.  

 Байни иштирокчиён оид ба баъзе ҳолатҳои табъизи дар ҷомеа ҷойдошта, аз ҷумла табъизи ҷинсӣ, табъиз дар ҷойи кор, масъалаҳои вобаста ба зӯроварӣ дар оила, мушкилоти ҷудошавии оилаҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

 Иштирокчиён вохӯрии мазкурро муҳим арзёбӣ намуда, дар бораи  зарурати ҳамкорӣ  дар самти таъмини баробарӣ ва манъи табъиз иброз намуданд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор