Натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар семоҳаи аввали соли 2023
Рӯзи 7 апрели соли 2023 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар семоҳаи аввали соли 2023 маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид.
Нахуст Умед Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар ин давра маърӯза намуда, қайд карданд, ки баъзе нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 беҳтар ба назар намерасанд. Бинобар ин, зарур аст, ки дар самти амалисозии нақшаҳои дар мақомот амалишаванда чораандешӣ карда шуда, барои беҳтар намудани фаъолият бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда саъю кӯшиш намуд.
Инчунин дар масъалаи қабул ва баррасии муроҷиатҳо, муросилоти аз дигар мақомот воридгардида, баррасии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, иштироки кормандон дар гурӯҳҳои корӣ, иштирок дар семинару конференсия ва мизҳои мудаввар, гузаронидани мониторингу санҷишҳо, баромад дар ВАО ва дигар масъалаҳо сардорони шуъбаҳои дахлдори мақомот баромад намуданд.
Сипас фаъолияти воҳидҳои сохтории мақомот ва кормандони он мавриди таҳлил ва муҳокима қарор гирифта, аз ҷониби роҳбарият ҷиҳати тақвият додани корҳо ва иҷрои пурраи барномаи амали мақомот барои соли 2023 дастурҳои мушаххас дода шуд.
Ҷиҳати тақвият додани фаъолияти мақомот қарорҳои дахлдори маҷлиси ҷамъбастии кормандони мақомоти ВҲИ қабул карда шуд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ