Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузоришгари вежаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба озодии дин ва эътиқод, хонум Назила Ғанӣ

 

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 13 апрели соли ҷорӣ бо Назила Ғанӣ - Гузоришгари вежаи СММ оид ба озодии дин ва эътиқод вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, вазъи ҳуқуқии  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, иҷрои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллии танзимкунандаи ҳуқуқ ба озодии дин ва эътиқод,  кафолатҳои ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, моҳияти дунявии давлати Тоҷикистон, ҳифзи давлатии озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, баробарии иттиҳодияҳои динӣ ва ҳамаи дину мазҳабҳо, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар  масъалаи озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин ва дигар масъалаҳо вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи инсон матраҳ гардиданд.

Баъди анҷоми вохӯрӣ аз ҷониби гузоришгари вежаи СММ оид ба озодии дин ва эътиқод бо иштироки роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказии мақомот машғулият/брифинг оид ба озодии эътиқод ва пайравӣ ба дин гузаронида шуда, дар он мазмуну моҳияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии танзимкунандаи ҳуқуқ ба озодии эътиқод ва пайравӣ ба дин, ҳуқуқ ба озодии дин ва эътиқод, роҳ надодан ба табъиз вобаста ба дин, ҳолатҳои маҳдудкунии ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, иҷрои меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” ва дигарҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо иброз доштанд.

Бояд қайд кард, ки қабули Гузоришгарони вежаи СММ ва гузаронидани вохӯриҳо бо онҳо ҷиҳати густариши муносибатҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои марбутаи СММ муфид буда, барои баланд бардоштани обрӯву нуфузи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор