Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

ДУШАНБЕ, 07.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 май бо ташаббуси Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» конфренсияи илмӣ-амалии  вилоятӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Дар конференсия намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ,  омӯзгорон, донишҷӯён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон иброз намуд, ки «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва умуман дар инкишофи давлати соҳибистиқлоламон Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бағоят муҳим дорад. Маҳз дар Паём дарҷ гардидани масъалаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон сабаби рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад».

Гуфта шуд, ки дар семоҳаи якуми соли 2023 бо намояндаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатии вилояти Хатлон  масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини иҷтимоии шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони ятим ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд баррасӣ карда шуд.

АКС: Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор