Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

ДУШАНБЕ, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Хорватия Тея Шеменович  вохӯрӣ намуд, ки зимни он самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва омӯзиши таҷрибаи пешрафта дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, хусусан барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти ин ниҳод хабар доданд.

Ҳамзамон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Омбудсмен оид ба ҳуқуқи маъюбон, Омбудсмен оид ба баробарии гендерӣ, Омбудсмен оид ба ҳуқуқи кӯдак, намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Хорватия, Хадамоти ҳуқуқи инсон, ақаллияти миллӣ, идоракунӣ ва баробарии гендерии назди Ҳукумати Хорватия, Академияи судии Хорватия ва намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Хорватия вохӯриҳои судманд анҷом дод.

Дар доираи вохӯриҳо оид ба таҷриба ва амалисозии қонунҳои Ҷумҳурии Хорватия дар бораи баробарии гендерӣ, барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз, ҳифзи ҳуқуқи маъюбон ва кӯдакон маълумот дода шуд.

Аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон дастовардҳои ҷумҳурӣ дар самти ҳуқуқи инсон, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабулу амалисозии қонуни мукаммал «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» муаррифӣ гардид.

Дар назар аст, ки таҷрибаи андӯхта зимни амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» истифода гардида, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат намояд.

 Бознашр аз АМИТ «Ховар» АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор