Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамасола тамоми қишрҳои ҷомеа – намояндагони касбу кори гуногун бесаброна интизор мешаванд. Зеро, паём сарчашмаи боэътимод, фарогири иттилоот ва маълумоти омории амиқу дақиқ, таҳлилу хулосарониҳои мантиқиву бебаҳс, дастуру супоришҳои ба ояндаи дурахшон ҳидояткунанда мебошад.

Дар паёми навбатӣ, ки Пешвои муаззами миллат рушди иқтисоди кишвар, даромади пулии аҳолӣ, бақияи пасандозҳо дар низоми бонкӣ, сатҳи камбизоатӣ, нишондиҳандаҳои дарозумрӣ, саҳми бахши хусусӣ, рушди илм, маориф, тандурустӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ ва дар маҷмуъ татбиқи ҳадафҳои стратегиро дар муқоиса ба солҳои қаблӣ натиҷагирӣ намуда, ҷиҳати пешрафт ва рафъи мушкилоту норасоиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо доданд.

Бо дарназардошти он 8-уми феврали соли ҷорӣ роҳбарият ва ҳайати кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузор намудани мизи мудаввар паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26 январи соли 2021-ро мавриди шарҳу тавзеҳ қарор доданд.

Чорабиниро У. Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ифтитоҳ намуда, оид ба аҳамияти бузурги паём ва дастуру супоришњои Пешвои миллат дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  ҳамчун мақомоти мусоидаткунандаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар самти баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ ва қабулу баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон суханронӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки бо дарназардошти дастуру супоришҳои Пешвои миллат мақомоти мо низ бояд фаъолияташро тақвият бахшида ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои наҷибонаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми нерӯ ва имконотро сафарбар намояд.

Дар ҷараёни мизи мудаввар паҳлуҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Паёми Пешвои миллат аз ҷониби масъулини мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таҳлил, баррасӣ ва шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Зимни баромадҳо пешниҳодҳои инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи баланд бардоштани стипендияи донишҷӯён, магистрҳо, аспирантону докторантон ва зиёд намудани нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, кӯдакони маъюби то 18-сола, маъюбони гурӯҳи якум ҳамчун дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоӣ арзёбӣ гардиданд.   

Дар охир роҳбарияти мақомот аҳамияти Паёми Президентро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки ҳар як хизматчии давлатӣ дар иҷрои нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода, ҷиҳати таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ саҳмгузор бошад.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор