Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Идомаи чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба баробарӣ ва табъиз

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», ки 19 июли соли 2022 қабул гардидааст, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз ба ҳисоб меравад.

Яке аз вазифаҳои мақомот дар ин самт, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотиву маърифатӣ дар самти ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз мебошад.

Вобаста ба ин, дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19 майи соли ҷорӣ дар ҳайати Раҷабзода Ҳайдаралӣ – роҳбари Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Қодирӣ Суҳайлӣ – сардори Шуъбаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва Бобохонзода Сайдалӣ - сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон чорабинии иттилоотӣ гузарониданд. Чорабинӣ бо мусоидати Агентии рушди байналмилалии ИМА (ЮСАИД), Маркази байналмилалии ҳуқуқи ғайритиҷоратӣ (ICNL) ва Фонди ҷамъиятии “Нотабене” баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Бохтар Қурбонзода Наргис, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои кор бо занон ва оила, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, ҳуқуқи кӯдак, Комиссариати ҳарбӣ, ходимони дин ва фаъолони ҷамъиятӣ, ҷамъ 48 нафар иштирок намуданд. Аз ин шумора 17 нафарашонро занон ташкил медоданд. 

Дар чорабиниҳои зикршуда мавзӯъҳои «Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон», «Зарурияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», «Шарҳу тавзеҳи баъзе аз мафҳумҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», «Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини ҳифз аз табъиз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ваколати мақомоти дигари давлатӣ ва мақомоти маҳалӣ дар самти  ҳифз аз табъиз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни чорабинӣ ҳозирин фаъолона иштирок намуда, оид ба табъизи инсон вобаста ба вазъи иҷтимоӣ, ҳуқуқи аққалиятҳои миллӣ, сару либоси тавсиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ташвиқу тарғиби қонунгузории миллӣ саволҳо дода, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор