Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

November 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30

Май 24, 2023 15:58

ДУШАНБЕ, 24.05.2023 /АМИТ «ХОВАР»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода вобаста ба ҳодисаи лату кӯби донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Комсомолски лаби Амури Русия фавран вокуниш нишон дода, ба ҳамкори русаш Татяна Москалкова дархост ирсол намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ваколатдор.

Дар муроҷиати Омбудсмани тоҷик ба ҳамтои русаш, аз ҷумла омадааст: «Аз иттилои воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо маълум гардид, ки субҳи барвақти 19 майи имсол кормандони Отряди милитсияи таъйиноти махсус (ОМОН) дар якҷоягӣ бо Хадамоти федералии амният (ФСБ) ба хобгоҳи донишҷӯён омада, дурбинҳои назоратиро хомӯш намуда, донишҷӯёнро, ки ягон амали ғайриқонунӣ содир накардаанд, бераҳмона лату кӯб намуда, ҳуҷҷатҳову телефонҳои онҳоро мусодира намудаанд. Дар натиҷаи лату кӯби бераҳмона якчанд донишҷӯи тоҷик ҷароҳати вазнин бардоштаанд, ки ба ҷарроҳӣ ниёз доранд».

Дар зимн Умед Бобозода аз ҳамтои русаш Татяна Москалкова тақозо кардааст, ки ҷиҳати муайян намудани сабабҳои даст ба амали ғайриқонунӣ задани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Комсомолски лаби Амур нисбат ба донишҷӯёни тоҷик, ки муҳассилини Донишгоҳи Комсомолски лаби Амур мебошанд, дахолат намояд ва ба тафтиши холисонаи ҳодисаи мазкур мусоидат намояд.

АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз сомонаи  khovar.tj

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор