Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

1 ИЮН – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

 

Дӯстони азиз, волидайни муҳтарам!

Кӯдакон сарвати муҳимтарин, ояндаи неки имрӯзу фардои миллат мебошанд ва ғамхорӣ нисбати онҳо вазифаи ҳар як шахс, ҷомеа ва давлат аст. Бо дарназардошти чунин муҳиммият дар саросари дунё рӯзи 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Соли ҷорӣ он маротибаи 74-ум ҷашн гирифта мешавад.

Ман самимона Шуморо бо  ин иди байналмилалӣ табрик намуда, ба Шумо саломатию хушбахтӣ ва бурдбориҳо таманно менамоям.

Ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқҳои кӯдакон вазифаи муҳими давлат ва яке аз афзалиятҳои асосии  сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Иқдомҳои пайвастаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд. Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти фарзандони кишвар сол аз сол беҳтару рангинтар мегардад.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз насли навраси болаёқат Ватани азизи моро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Онҳо дар олимпиадаву озмунҳо, мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён, медалу дипломҳои дараҷаҳои гуногун ва ифтихорномаҳо мегарданд.

Дар ин рӯзи ид ба падару модарон, бобою бибиҳо, омӯзгорон ва ҳамаи онҳое, ки қувваю дониши худро баҳри тарбия ва инкишофи насли навраси кишвар равона месозанд, миннатдории худро баён намуда, ба онҳо дар ин ҷода муваффақиятҳо орзу менамоям.

Хоҳони онам, ки  кӯдакони мо солим ва хушбахт ба воя расанд ва боварӣ дорам онҳо бо рафтори хуб, хониши хубу аъло баҳри ободии Ватани азизамон саъю талош меварзанд.

 

      Бо камоли эҳтиром,

     У. Бобозода -  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

                                                     дар Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор