Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Чорабинии иттилоотӣ вобаста ба ҳуқуқҳои занону кӯдакон дар мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

 

Санаи 31 майи соли 2023 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии иттилоотӣ оид ба муаррифии Тартиби қабул ва баррасии муроҷиати занон ва духтарон – ҷабрдидагони зӯроварии шаҳвонӣ ва гендерӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи татбиқи Ташаббуси “Нури Рушноӣ”  бо дастгирии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон бо мақсади иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон таҳия гардидааст, гузаронида шуд. Дар чорабинӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони сохторҳои кор бо занон ва оилаи ноҳия, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, раёсати маориф, кор бо ҷавонон, рӯзномаи “Насими айём”, сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ бо теъдоди зиёда аз 35 нафар иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ Саидмуродзода Муслима – муовини Раиси ноҳияи Рӯдакӣ бо суханҳои ифтитоҳӣ баромад намуда, ба иштирокчиён  Ҳабибулозода Раҷабмо – сардори Шуъбаи ҳифзи давлатиии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъизи Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Икрамова Зилоласармутахассиси Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.

Тибқи барномаи чорабинӣ Ҳабибулозода Р.Ҳ. дар мавзӯи “Падидаи зӯроварӣ нисбати занон. Стандартҳои байналмилалӣ ва миллии пешгирии зӯроварӣ нисбати занон” ва Икрамова З. дар мавзӯи “Механизмҳои байналмилалӣ ва миллии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” баромад намуданд.

Баъди ворид гаштан ба мавзуъ ба иштирокчиён Тартиби қабул ва баррасии муроҷиати занон ва духтарон – ҷабрдидагони зӯроварии шаҳвонӣ ва гендерӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳабибулозода Р.Ҳ. муаррифӣ гардид. 

Дар қисмати муҳокима саволҳо вобаста ба масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, нақши нозирони минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ дар пешгирӣ ва кор бо ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва дигар пешниҳодҳо вобаста ба пешгирии зӯроварӣ нисбати занону духтарон ироа гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Рӯдакӣ ба намояндагони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон изҳори сипос намуда, барои боз ҳам тақвият бахшидани муносибатҳои байниидоравӣ омодагии хешро иброз намуданд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор