Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ҳамориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

бо ҳамтоён тавсеа меёбанд

Дар доираи ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Федератсияи Россия санаи 30 майи соли 2023 вохӯрии мутақобилан судманди кормандони масъули Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Федератсияи Россия Овчинникова Александра Николаевна баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаи вобаста ба самаранокии фаъолияти ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони ҳарду ҷониб, аз ҷумла ноил гардидан ба мувофиқати ниҳодҳои мазкур ба Принсипҳои Париж, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ниҳодҳои мазкур, ҳуҷҷатҳои муҳими стратегии кишварҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон ва дигар масъалаҳои дахлдор мавриди муҳокимаи тарафҳо қарор гирифтанд.

Ба меҳмонон инчунин дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” ва ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз муайян шудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумот пешниҳод гардид. Меҳмонон қабул ва амалисозии қонуни мазкурро барои ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон хеле хуб арзёбӣ намуданд.

Намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Федератсияи Россия омодагии худро ҷиҳати минбаъд низ идома додани ҳамкорӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.

Ба меҳмонон бо мақсали муаррифии ҳарчи бештари санъату ҳунари волои тоҷикон  тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор