Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

ДУШАНБЕ, 05.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии гурезаҳо (20 июн) дар мавзӯи «Ҷойгоҳи ҳуқуқи  гурезаҳо дар низоми ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва мушкилотҳо» ҳамоиш доир гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

 Тавре Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода баён дошт, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ  ҳуқуқи озодиҳои инсон, меъёрҳо, принсипҳо ва арзишҳои қабулшудаи байналмилалиро чун дигар давлатҳои соҳибистиқлол эътироф кард.

«Конститутсияи ҷумҳурӣ, ки яке аз санадҳои асосӣ дар низоми санадҳои ҳуқуқӣ ба шумор меравад,  дар самти ҳуқуқи инсон пурра дарбаргирандаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аст. Инъикоси арзиши олӣ доштани ҳуқуқи инсон, озодиҳои  ӯ дар моддаи 5-и ин санад худ гувоҳи  он аст, ки Конститутсияи мо пурра демократӣ аст», — изҳор дошт ӯ.

Иброз гардид, ки дар қонунгузории давлатҳои дунё масъалаи гурезаҳо ва паноҳандагӣ басо мубрам арзёбӣ мегардад. Ва омилҳои ба даст овардани мақоми гуреза бо ҷангҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, низоъҳои дохилӣ, таҳдиду таъқибот ба ҳаёт рабт дошта, айни замон фоҷеаи азими инсоният маҳсуб меёбад.

Таъкид карда шуд, ки дар робита ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда.  мавқеи худро нисбат ба  санадҳои байналмилалии соҳаи гурезаҳо, Конвенсияҳо дар бораи гурезаҳо ва Протокол дар бораи «Мақоми гурезаҳо» муайян намуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» аллакай соли 1992 ба тасвиб расид, ки мамлакати мо мавқеи худро ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ин ҷода муайян сохт.


Ба гуфтаи намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Солеҳзода,  дар мавриди дастрасӣ ба гирифтани мақоми гуреза ва ҳимоя аз бозгашт нисбат ба паноҳҷӯяндагон, гурезагон ва шахсони бешаҳрванд, ки ба ҷумҳурии мо меоянд,  аз ҷониби мақомоти давлатӣ маҳдудиятҳои сунъӣ ва ғайриқонунӣ вуҷуд надорад.

«Рад шудани додани мақоми гуреза аксар вақт дар робита ба убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ва сари вақт огоҳ накардани хадамоти сарҳадӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи комиссияи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад», — гуфт ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи маълумоти Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон,  дар ҷаҳон тақрибан ҳар дақиқа 20 нафар дар натиҷаи низоъҳо ва ҷангҳо муҳоҷирати маҷбурӣ намуда, таҳти таъқиб қарор мегиранд.

Ба гуфтаи иштирокдорони ҳамоиш,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» баробари ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳо батадриҷ такмил ёфта, фарогири асосҳо, тартиби дар ҷумҳурӣ гуреза донистани шахсони паноҳҷӯянда, инчунин мақоми ҳуқуқии гурезаҳо, кафолатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ гардида, манфиатҳои онҳоро муқаррар намуд.

Бознашр аз АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор