Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

November 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30

 

Чорабинии иттилоотӣ вобаста ба ҳуқуқҳои занону кӯдакон дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Санаи 05 июни соли 2023 чорабинии иттилоотӣ оид ба муаррифии Тартиби қабул ва баррасии муроҷиати занон ва духтарон – ҷабрдидагони зӯроварии шаҳвонӣ ва гендерӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшачорабинӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор гузаронида шуд. Дар чорабинӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони сохторҳои кор бо занон ва оилаи ноҳия, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, раёсати маориф, кор бо ҷавонон, сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ бо теъдоди зиёда аз 30 нафар иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ Юлдошзода Бунафша – муовини Раиси шаҳри Ҳисор бо суханҳои ифтитоҳӣ баромад намуда, ба иштирокчиён  Машрабзода Азим –  муовини сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомов Абдуҳалим Буриевичмуовини сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.

Тибқи барномаи чорабинӣ аз ҷониби Низомов А.Б. “Тартиби қабул ва баррасии муроҷиати занон ва духтарон – ҷабрдидагони зӯроварии шаҳвонӣ ва гендерӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. 

Ҳамзамон баъди муаррифии тартиби мазкур Машрабзода А. дар мавзӯи “Стандартҳои байналмилалӣ ва миллии пешгирии зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон” баромад намуд.

Қисми муҳокима саволҳо оид ба пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, нақши шахсиятҳои маъруфи маҳалла, ходимони дин, нозирони минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ дар пешгирӣ ва кор бо ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва дигар масъалаҳо иштирокчиён фикру ақидаи худро баён намуданд.

Дар охири чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Ҳисор ба намояндагони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон изҳори сипос намуда, ҷиҳати  тақвият бахшидани ҳамкориҳо байни мақомотҳои дахлдор омодагии хешро иброз намуданд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор