Чорабинии иттилоотӣ вобаста ба ҳуқуқҳои занону кӯдакон дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд
Санаи 13 июни соли 2023 чорабинии иттилоотӣ оид ба муаррифии Тартиби қабул ва баррасии муроҷиати занон ва духтарон – ҷабрдидагони зӯроварии шаҳвонӣ ва гендерӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшачорабинӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуд. Дар чорабинӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони сохторҳои кор бо занон ва оилаи ноҳия, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, раёсати маориф, кор бо ҷавонон, сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ бо теъдоди зиёда аз 30 нафар иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ Бегзода Манижа – Роҳбари Дастгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо суханҳои ифтитоҳӣ баромад намуда, ба иштирокчиён Машрабзода Азим – муовини сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомов Абдуҳалим Буриевич – муовини сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдакӣ Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Тибқи барномаи чорабинӣ Машрабзода А. дар мавзӯи Стандартҳои байналмилалӣ ва миллии пешгирии зӯроварӣ нисбати занон” баромад намуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Низомов А. Б. “Тартиби қабул ва баррасии муроҷиати занон ва духтарон – ҷабрдидагони зӯроварии шаҳвонӣ ва гендерӣ” дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
Дар қисми муҳокима саволҳо оид ба пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, нақши шахсиятҳои маъруфи маҳалла, ходимони дин, нозирони минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ дар пешгирӣ ва кор бо ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва дигар масъалаҳо иштирокчиён, аз ҷумла Абдуҷамол Ҳомидов сархатиби ноҳия фикру ақидаи худро баён намуданд.
Дар охири чорабинӣ Роҳбари Дастгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба намояндагони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон изҳори сипос намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо байни мақомотҳои дахлдор омодагии хешро иброз намуданд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ