Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

         Нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Санаи 26 июли соли 2023 соати 900 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба  ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2023 баргузор гардид.

Сараввал У. Бобозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро хайрамақдам намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар шаш моҳи аввали соли 2023 маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 871 (с.2022 - 542) муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аксарияти онҳо вобаста ба ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ ва ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда мебошанд. Аз ин шумора 192 (с.2022 - 258) адад муроҷиатҳо дар Дастгоҳи ВҲИ баррасӣ шуда, мақомоти ВҲИ ҷиҳати ҳалли мусбии 32 адад (18 хаттӣ ва 14 шифоҳӣ) муроҷиатҳо мусоидат намудааст.

Дастовардҳои мақомот дар такмили қонунгузорӣ ва санҷиши риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон  низ назаррас буда, дар ин раванд кормандони Дастгоҳи марказӣ дар кори 27 (с.2022 - 25) гурӯҳҳои кории байниидоравӣ ширкат намудаанд. Инчунин ба 20 (с.2022 – 26) адад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулоса пешниҳод намуда, 31 (с.2022 - 29) санҷишу мониторинг ва боздидҳо гузаронидаанд.

Намояндагиҳои ВҲИ дар марказҳои вилоятӣ низ дар пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон пайваста мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, дар ин давра аз ҷониби Намояндагиҳои ВҲИ 112 (с.2022 – 46) машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ гузаронидаанд, ки дар онҳо зиёда аз 2000 нафар иштирок намуданд. Инчунин дар давраи ҳисоботӣ кормандони сохторҳои минтақавии ВҲИ дар кори 129 (с.2022 - 65) мизҳои мудаввар, тренингу семинарҳо иштирок ва суханронӣ намудаанд.

Ҳамкориҳои мақомоти ВҲИ бо ВАО низ сол аз сол тақвият меёбанд. Ин аст, ки аз ҷониби кормандони мақомот 124  (с.2022 – 116) баромад дар воситаҳои ахбори омма таъмин карда шудааст.

Дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон  ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октиябри соли 2022, №49 дар бораи таъсис додани муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” мебошад, ки тибқи он мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз мебошад.

Аз ин лиҳоз, ВҲИ бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорони рушд фаъолиятро дар самтҳои мазкур густариш дода, дар нимсолаи аввали соли 2023 дар Дастгоҳи ВҲИ 2 шуъбаи нав (шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз ва шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон) таъсис ва фаъолияти муназзами онҳо ба роҳ монда шудааст.

Дар ин давра ҷиҳати баланд бардоштани касбияти кормандони дастгоҳи ВҲИ дар самти таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз 3 тренинги омӯзишӣ ва 6 дарсҳои бозомӯзии дохилиидоравӣ гузаронида шуда, бо мақсади шарҳу эзоҳи Қонуни мазкур дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ВМКБ, шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Панҷакент, Бохтар, Хуҷанд ва Исфара, ноҳияҳои Рашт ва Шуғнон, инчунин дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои иттилоотӣ гузаронида шудаанд.

Бо мақсади иттилоотонии васеи ҷомеа маърӯзаҳои ВҲИ ва ВҲК барои соли 2022 бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр карда шуда, шакли электронии онҳо дар сомонаи ВҲИ ҷой дода шудааст. Ҳамзамон, нашри махсуси маҷаллаи «Ахбори ВҲИ» бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 шумораи навбатии он таҳия ва чоп карда шуда, дар чорабиниҳои ВҲИ ройгон интишор карда мешаванд.

Дар нимсолаи аввали соли 2023 ҳамкориҳои мутақобилан судманди ВҲИ бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ идома ёфтанд. Аз ҷумла, вохӯриҳо бо мушовир оид ба ҳуқуқи инсони Дафтари барномаҳои САҲА хонум Эси Томпсон Севимли, бо ноиби президенти Маркази байналмилалии ҳуқуқи ғайритиҷоратӣ (ICNL LLC) хонум Наталия Буржайлӣ ва ҳайати намояндагии он, бо гузоришгари вежаи СММ оид ба озодии дин ва эътиқод хонум Назила Ғанӣ, бо Комиссари олии САҲА оид ба корҳо бо ақаллияти миллӣ Қайрат Абдураҳмонов ва дигарҳо самаранок буданд.

Дар ин раванд зимни сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии У. Бобозода – ВҲИ ҶТ дар Ҷумҳурии Хорватия бо Омбудсмани Ҷумҳурии Хорватия Тена Шеменович, Омбудсменҳои Хорватия оид ба ҳуқуқи маъюбон, оид ба баробарии гендерӣ, оид ба ҳуқуқи кӯдак, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии Хорватия вохӯриҳои судманд анҷом дода шуданд.

Сипас оид ба фаъолият дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак гузориши мухтасари муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак М. Бобоҷонзода пешниҳод карда шуд.

Дар қисмати дуюми нишасти матбуотӣ аз ҷониби намояндагони васоити ахбори омма доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқу озодиҳои инсон саволҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд. Ба саволҳои баёншуда Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар маъулини Дастгоҳи ВҲИ ҷавобҳои муфассал ва қонеъкунанда доданд.

Дар интиҳои нишасти матбуотӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобилан судманди мақомоти ВҲИ бо  васоити ахбори омма идома ва тавсеа меёбанд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор