Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

ШАРҲИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ БАРОБАРӢ ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҲАМА ГУНА ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ”

 Дар асоси талаботи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз вазифаҳои асосии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи мебошад.

Тибқи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз ба ҳисоб меравад. Яке аз ваколатҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз чорабиниҳои омӯзишӣ ва маърифатӣ оид ба ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизро мегузаронад. Вобаста ба ин, барои иҷрои меъёрҳои қонунҳои дар болозикршуда дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи  25 июли соли ҷорӣ дар ҳайати Маҷидов Парвизҷон – муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъизи Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Назриддинзода Анис – сармутахссиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъизи Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар – мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъизи Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон чорабинии иттилоотӣ гузарониданд. Чорабинӣ дар ҳамкорӣ ва бо мусоидати Агентии рушди байналмилалии ИМА (ЮСАИД) баргузор карда шуд.  

Дар чорабинии иттилотӣ муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қурбонзода Қурбон ва намояндагон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои кор бо занон ва оила, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, ҳуқуқи кӯдак, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ходимони дин,  фаъолони ҷомеъа ва васоити ахбори омма иштирок намуданд. Тибқи барномаи чорабинии иттилоотӣ Қурбонзода Қурбон  муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда Маҷидов Парвизҷон дар мавзуи “ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон”, Назридинзода Анис оид ба “Маърӯзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар дар мавзуи “Шарҳу эзоҳи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” баромад намуданд.  Дар қисми муҳокимаи масъалаҳои чорабинӣ иштирокчиён  фаъолона иштирок намуда, вобаста ба нишона, аломат,  шакл ва  намудҳои табъиз инчунин дигар саволҳо марбута ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз дода ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Дар охири чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қурбонзода Қурбон барои ҳамкорӣ ва мусоидат дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба унвони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  изҳори минатдорӣ намуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

       

 

       

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор