Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ВОБАСТА БА ТАБЪИЗ ДАР ҶУМҲУРИИ ЛАҲИСТОН БО ИШТИРОКИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲАЙАТИ КОРӢ

 

 

Санаи аз 7 то 13 августи соли 2023 тибқи розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.07.2023, №29/10-307 сафари хизматии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати корӣ бо шумули муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – аъзои Гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии ва кормандони дастгоҳи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи иснон ба Ҷумҳурии Лаҳистон анҷом дода шуд.

Мақсад аз анҷом додани сафари мазкур ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилаи манфиатовар бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Лаҳистон, инчунин мулоқоти ҳайати зикргардида бо намояндагони сохторҳои мухталифи давлатӣ мебошад, ки бевоиста баҳри таъмини ҳуқуқ ба баробарӣ ва ҳимоя аз табъиз фаъолият мебаранд.  

Бояд қайд кард, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои тавсияҳои сохторҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» қабул ва мавриди амал қарор гирифтааст ва мутобиқи моддаи 13 қонуни мазкур мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз муқаррар гардидааст.

Бо мақсади ба роҳ мондани вазифаҳои мушаххас дар ин самт мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2023, №555 дар сохтори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуъбаи алоҳида бо воҳидҳои корӣ таъсис дода шуд.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати таҳлилу омӯзиши таҷрибаи фаъолияти Омбудсмен ва дигар муассисаву идораҳои давлати Лаҳистон дар самти амалисозии қонунгузории ин кишвар дар бахши таъмини ҳуқуқ ба баробарӣ ва ҳимоя аз табъиз, баланд бардоштани савияи татбиқи қонунгузорӣ дар самти табъиз ва баробарӣ, ташкили гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳии муҳтаво ва мукаррароти асосии қонунгузорӣ дар самти таъмини баробарӣ ва табъиз анҷом додани сафар мувофиқи мақсад дониста мешавад.

Сафари мазкур бо дастгирии Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе амалӣ карда шудааст.

Тибқи Барнома санаи 8 август мулоқоти У. Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Раёсати кишварҳои шарқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон хонум Малгорсата Косиура-Касмиерска анҷом дода шуда, масъалаҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба ва дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистонро дар самти ҳуқуқи инсон матраҳ гардиданд.

  Санаи 9 август бошад, У. Бобозода бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Лаҳистон ҷаноби Мартсин Виенсек вохӯрӣ намуд. Зимни вохӯрии мазкур У. Бобозода оиди дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон суханронӣ намуда, қайд сохт, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» қабул ва мавриди амал қарор дода шуд ва мутобиқи ин қонун мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз муқаррар гардидааст.

Инчунин, дар дигар рӯзҳои вохӯрӣ, ҳайати гурӯҳи корӣ бо намояндагони сохторҳои гуногун, аз қабили роҳбарони Раёсат оид ба муносибатҳои баробарҳуқуқӣ, Шӯъбаи муроҷиатҳои баробарҳуқуқ, Раёсати механизми миллии Лаҳистон оид ба пешгирии шиканҷаи идораи Омбудсмени Лаҳистон, Раёсати ҳимояи ҳуқуқи гурезаҳои Фонди Хелсинкии ҳуқуқи инсони Лаҳистон вохӯрӣ ва мулоқотҳои судманд анҷом дод.

Ҳамин тариқ, вохӯриҳои ҳайати гурӯҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон то 13 август идома ёфта, ҷиҳати такмил додани савияи касбии корӣ дар амалисозии қонунгузории кишвар дар самти таъмини баробарӣ ва ҳимоя аз табъиз натиҷаҳои назаррас дод.

 

Хадамоти ВҲИ ҶТ

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор