Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

 

Мизи мудаввар оид ба таҳлили Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038

 

Бо иқдоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16-уми августи соли ҷорӣ дар бинои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба қабули Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038  мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар роҳбарият ва кормандони  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Сараввал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Чумҳурии Тоҷикистон  Умед  Бобозода  мизи мудавварро оғоз намуда,  вобаста ба зарурат ва аҳамият, қабул, моҳият, ҳадафҳо, вазифаҳо ва амалишавии Стратегияи миллӣ суханронӣ намуданд.  

Сипас Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷонзода Миҷгона дар мавзӯи ҳифзи  ҳуқуқҳои кӯдак дар Стратегияи нав баромад намуда, оиди маҷмӯи чорабиниҳо, ки аз Нақшаи амали Стратегия бар меояд, қайд намуданд.

Дар мавзӯи Нақши Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуи инсон барои давраи то соли 2038 сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд намуданд, ки  Стратегияи миллӣ воситаи самараноки амалӣ гардонидани сиёсати ягона дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии ТоҶикистон ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии ТоҶикистон ба шумор меравад.

Дар мизи мудаввар инчунин дигар кормандон суханронӣ намуда, вобаста ба Стратегияи мазкур фикрҳои худро баён намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода қайд намуданд, ки қабули Стратегияи миллӣ ба ташаккули муносибати эҳтиромона ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими минбаъдаи нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ муосидат мекунад.

Дар охир қайд карда шуд, ки кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташвиқу тарқиби паҳлӯҳои мухталифи Стратегия зимни гузаронидани машғулияту санҷишҳо дар шаҳру ноҳияҳо вохӯриҳо ташкил намуда, аҳамияти санади стратегиро ба аҳолӣ фаҳмонанд.   

 

                                                                       Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор