Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Санаи 29 сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд вохӯрии иттилоотӣ оид ба мавзӯи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон то соли 2038: дурнамо ва амалисозии он»  баргузор гардид.  Дар чорабинии мазкур Ниёзов Бойназар Худодойдович - сармутахассиси Шӯъбаи ҳуқуқӣ ва маъмурии Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Ҳамидов Нурулло Абдуваҳобович - номзади илм, дотсенти ДДҲБСТ, инунин донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ ширкат намуданд.

Аз ҷониби роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд қайд гардид, ки  Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2023 тасдиқ гардидааст, ҳамаи нақшаҳои миллии мавҷуда оид ба иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатҳои дигарро дар самти ҳуқуқи инсон ҳамоҳанг намуда, механизм ва расмиёти иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалиро дар самти ҳуқуқи инсон такмил медиҳад ва воситаи самараноки амалӣ гардонидани сиёсати ягона дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар рафти вохӯрии иттилоотӣ иштирокчиён фаъолона ширкат намуда, фикру ақидаҳои худро оид ба зарурат ва саривақтӣ будани қабули Стратегияи мазкур иброз намуданд.

 

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор