Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Санаи 6 декабри соли 2023 дар Китобхонаи миллӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Натиҷаи баррасии мониторингҳои қисмҳои ҳарбӣ» баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар намояндагони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Судии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, Қушунҳои сарҳадии КДАМ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ  иштирок намуданд.

Сухани ифтитоҳиро Раҷабзода Ҳайдаралӣ - Роҳбари Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати 75- солагии қабули Эъломияи ҳуқуқи инсон табрик намуда, қайд намуданд, ки “Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон — барҷастатарин санад дар таърихи инсоният қабул гардид, ки он барои рӯйи кор омадани санадҳои зиёди байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон замина гузошт. Санадҳои дар ин робита қабулшуда барои эътирофу эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон нақши муассир доранд. Дар байни  онҳо Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ниҳоят муҳим мебошанд, ки якҷо бо Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон Били байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсонро ташкил медиҳанд.”

Инчунин маърӯзачиён тибқи Барнома дар мавзӯҳои «Дасрасии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба қисмҳои ҳарбӣ», «Адолати судӣ нисбати хизматчиёни ҳарбӣ», «Натиҷаи мониторинги қисмҳои ҳарбӣ». «Шиканҷа - вайронкунии ҷиддии ҳуқуқи инсон», «Назорати дақиқи иҷрои қонунҳо дар фаъолияти Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таҷрибаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба роҳҳои пурсамари мубориза бар зидди муносибатҳои ғайриоиномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ» ва «Дахлнопазирии шахсии даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ» баромад намуданд.

Дар рафти мизи мудаввар бештар ба масъалаҳои ҳуқуқҳои сарбозон дар давраи хизмат ва аз байн бурдани муносибатҳои ғайриоиномавӣ мубоҳисаҳо сурат гирифта, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ тавсияҳо пешниҳод карда шуданд.

 Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор