Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

 

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти  Суғд бахшида ба «Даҳаи ҳуқуқи инсон» дар Литсейи физикӣ-математикии шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон – арзиши олӣ» баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ҳамоҳангсозии Шӯъбаи Маорифи шаҳр ва ширкати бевоситаи Роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд – Ҳабибахон Ҳамидова, мутахассиси пешбари Намояндагӣ – Мамадҷонова Мастона, маъмурияти Литсейи физикӣ-математикӣ дар симои ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ – Бақоева Фирӯзахон ва кулли омӯзгорон ва толибилмони фаъол баргузор гардид.

Роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсон дар вилояти Суғд - Ҳ.Ҳамидова дар мавзӯи «Нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд» баромад намуда, қайд намуд, ки ҷиҳати ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ роҳандозӣ намуда, дар ин раванд як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, ташкил ва гузаронидани машваратҳои ҳуқуқии сайёр дар шаҳри Бӯстон ва Гулистон, ноҳияҳои Спитамен, Зафаробод, Шахристон, Б.Гафуров, Истаравшан дар давоми соли ҷорӣ, ки бо ширкати бевоситаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Умед Бобозода баргузор гардиданд. Инчунин, машваратҳои сайер аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои кӯдак  - Бобоҷонзода Миҷгон ба ноҳияҳои Бустон ва шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуданд.

Сухани ҷамъбастӣ ба чонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ _ Бақоева Ф. дода шуд, ки иштирокчиёни мизи мудавварро барои саволу ҷавоби озод даъват намуд ва дар ҳамин нуқта мизи мудаварро пӯшида эълон намуданд

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор