Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

ДУШАНБЕ, 20.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. 

Ваклатдор оид ба ҳуқуқи инсон да Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид хонум Кавилмадам Рамасвами Паравати мулоқот анҷом дод, ки зимни он ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориро баррасӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти Ваколатдор.

Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ муҳокимаи имконоти минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва мусоидат ба густариш ва дурнамои рушд, инчунин ҳамоҳанг намудани ҳамкорӣ байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва сохторҳои шартномавии Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои минбаъда арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба волоияти қонун, имконоти минбаъдаи ҳамкорӣ ва мусоидат ҷиҳати густариш додани фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди дастрасӣ ба мақоми «А», ки аз ҷониби зеркумита оид ба аккредитатсияи Кумитаи байналмилалии ҳамоҳангсози ниҳодҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ мешаванд, мавриди суханронии тарафайн қарор гирифтанд.

Бознашр аз АМИТ «Ховар»

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор