Санаи 9 январи соли 2024 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумии кормандон оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 таҳти раёсати Умед Бобозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Орзузода баргузор гардид.
Дар маҷлиси ҷамъбастӣ сараввал аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар соли 2023 маълумоти мухтасар пешниҳод карда шуд.
Сипас сардорони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи ВҲИ оид ба бурду бохти фаъолият дар соли 2023 ҳисобот пешниҳод намуданд.
Дар охир сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Орзузода суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон, инчунин доир ба мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти баъзе мақомоти давлатӣ, ки аз натиҷаи санҷишҳо ошкор карда шуданд, ибрози назар намуда, таъкид намуданд, ки ҷиҳати роҳ надодан ба чунин камбудиҳо мувофиқи мақсад аст, ки кормандони мақомоти ВҲИ фаъолияти худро мунтазам тақвият диҳанд.
Маҷлиси ҷамъбастии кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар соли 2023 бо дарназардошти ҳисоботи пешниҳодшуда ва фикру мулоҳизаҳои баёншуда қарорҳои дахлдор қабул намуд ва аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода изҳори боварӣ карда шуд, ки кормандони мақомот дар соли 2024 низ ҷиҳати амалисозии сиёсати ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷумҳурӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда саъю талош мекунанд.
Хадамоти матбуоти ВҲИ