Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

ДУШАНБЕ, 14.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 7000 нафар машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода ба рӯзноманигорон хабар дод.

Ба гуфтаи мавсуф, дар чорабиниҳо кормандони намояндагиҳо бо намояндагӣ аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон паҳлуҳои мухталифи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва нақши мақомот дар пешбурд, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро матраҳ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1527 муроҷиати шахсони воқеӣ сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 336 адад бештар аст. Ҳамзамон дар намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1037 муроҷиат сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 364 адад зиёд мебошад.

Умед Бобозода изҳор дошт, ки бо мақсади мусоидат ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон кормандони дастгоҳи марказии Ваколатдор лоиҳаи 36 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор дода, хулосаҳо пешниҳод намудаанд.

Таъкид гардид, ки аз 1527 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воридшуда 59 адад ба таври мусбат ҳал гардидааст.

Ҳамзамон иброз шуд, ки 292 муроҷиати хаттие, ки ба мақомот ворид шудаанд, бештар ба ҳуқуқу озодиҳо дар самти ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда, манзил, таъминоти иҷтимоӣ, замин, озод будан аз зӯроварӣ ва ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ рабт доранд.

Бознашр аз АМИТ «Ховар»

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор