Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Дар таърихи 24 феврали соли 2021 дар мақомоти ВҲИ бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозода вохӯрии навбатии аъзои Гурӯҳи корӣ оид ба боздид аз муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида дар соли ҷорӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур аъзоёни Гурӯҳи корӣ -  намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ натиҷаи мониторингҳои дар соли 2020 гузаронидашудаи муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида мавриди муҳокима ва арзёбӣ қарор дода шуд.

Зимни вохӯрӣ аъзои Гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба саволҳои баромадкунандагон ҷавобҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин дар чорабинии мазкур масъалаи рафъи камбудиҳои ҷойдошта, мушкилоти муассисаҳои болозикр ва роҳҳои ҳалли онҳо муҳокима гардиданд.

Инчунин дар вохӯрӣ пешниҳод гардид, ки нақшаҳои кории Гурӯҳи корӣ оид ба боздид аз муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида ва Гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдор барои соли 2021 омода ва барои мувофиқа пешниҳод карда шаванд.

Ёдовар мешавем, ки бо Фармони ВҲИ аз 6 августи соли 2013 Гурӯҳи корӣ бо мақсади пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар муассисаҳои маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз озодӣ, беҳтар намудани шароити нигоҳдорӣ, таъмини фаъолияти самараноки низоми боздидҳои пешгирикунандаи доимии муассисаҳои маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз озодӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ барои таъмини фаъолиятӣ самараноки низоми пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона таъсис дода шудааст.

Ҳадафи Гурӯҳи корӣ ин боздид аз муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида, гузаронидани семинарҳо ва тренингҳо барои кормандони муассисаҳои мазкур оид ба омӯзонидани меъёрҳои байналмилалӣ ва миллии муносибат бо шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ва ҳамчунин, таҳия ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба имконияти ба тасвиб расонидани Протоколи иловагии Конвенсияи зидди шиканҷа равон карда шудааст.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолияти аъзои Гурӯҳро ҳамоҳанг намуда, барои таъмини иқтидори зарурӣ ва дониши касбии аъзоёни Гурӯҳи мониторингӣ чораҳо меандешад.

 

Хадамаоти матуботии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор