Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маърӯзаи навбатии худро пешниҳод намуд

Ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва самараноки талаботи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» моҳи феврали соли 2024 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Маърўзаи солонаи худро оид ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли сипаришуда, инчунин вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷумҳурӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ манзур намуда, ҷиҳати таҳкиму пешрафти минбаъдаи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷумҳурӣ тавсияҳои дахлдор пешниҳод намуд.

Маърӯзаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду қисми асосӣ: 1. Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2023 ва 2. Вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Дар қисми аввали Маърӯза оид ба корҳои анҷомшуда дар самти тақкими иқтидори мақомоти ВҲИ дар робита бо ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолияти сохторҳои минтақавии ВҲИ ва маблағгузории фаъолияти мақомоти ВҲИ, инчунин нишондиҳандаҳои фаъолият дар самтҳои иттилоотонӣ ва мусоидат дар баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон (10 декабр), раванди татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 дар соли 2023, мусоидат ба такмили қонунгузорӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва натиҷаҳои қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шудаанд.

Дар қисми дуюми Маърӯза вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар самтҳои алоҳида бо дарназардошти рафти иҷрои самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ВҲИ, ки аз Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2021–2025 бармеоянд, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ВҲИ дар соли 2023, тавсияҳои созмонҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон, маълумотҳои пешниҳоднамудаи вазорату идораҳои дахлдор ва инчунин маводи васоити ахбори омма омода шуда, дастоварду мушкилоти ҷойдошта оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон бо далелу мисолҳои мушаххас инъикос гардидаанд.

Бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти ВҲИ, инчунин пешбурди минбаъдаи ҳуқуқу озодиҳои инсон як қатор тавсияҳо пешниҳод шудаанд, ки амалисозии онҳо барои баланд бардоштани имиҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд таъсири мусбӣ мерасонанд.

Чун ҳамасола, бо мақсади таъмин намудани дастрасии ройгони доираҳои васеи ихлосмандони соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ Маърӯзаи солонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума ва дар сомонаи интернетии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷой дода шуда, намуди чопии он дар шакли китоб нашр карда мешавад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон итминон дорад, ки Маърӯзаи мазкур барои густариши ҳамкориҳои судманди минбаъда бо мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати татбиқи тавсияҳои зикршуда ва ҳалли масъалаҳои дигари ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат менамояд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор