Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

ДУШАНБЕ, 12.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалисозии фаъолият дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Артур ван Дизен вохӯрӣ намуд, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи таҳияи нақшаи амал барои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдаконро баррасӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Ваколатдор.

Зимни вохӯрӣ Умед Бобозода оид ба фаъолият ва ҳамкории самарабахш бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ибрози назар намуда, гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиаш дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак пайваста талош менамояд ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муассир мебошад.

Таъкид гардид, ки ҳанӯз аз соли 2012 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воҳиди сохтории алоҳида – шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак ва соли 2016 вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуда, нақши Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар таҳкими он назаррас мебошад.

Артур ван Дизен ҳамкориро дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак муҳим арзёбӣ намуда, ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории миллӣ вобаста ба ҳифзи кӯдак, манъи зӯроварӣ нисбат ба кӯдак ва муроҷиати кӯдакро яке аз таҷрибаҳои муваффақона дар миқёси Осиёи Марказӣ номид.

Дар доираи мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳкими хизматрасониҳо ба ҷабрдидагони зӯроварӣ, баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ вобаста ба манъи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, ҷамъоварии ахбору омор оид ба рушди кӯдак, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ (2024), амалисозии барномаҳои давлатӣ дар самти адлияи ноболиғон ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, татбиқи Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2038, амалишавии қонунгузории зиддитабъизӣ ва дурнамои фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

 

Бознашр аз АМИТ «Ховар

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор