Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Вохӯрии Умед Бобозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Нидерланд дар Тоҷикистон ҷаноби Николаас Схермерс.

Дар доираи амалисозии фаъолияти дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Тоҷикистон Умед Бобозода - Ваклатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Нидерланд дар Тоҷикистон ҷаноби Николаас Схермерс мулоқоти арзи адаб доир намуд.

Зимни мулоқот Умед Бобозода саравал ҷаноби сафир Николаас Схермерсро барои таъин намуданаш ба ин мансаби ниҳоят муҳим табрик намуда, барои ташриф оварданаш миннатдорӣ изҳор намуд.

Бобозода Умед аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва санадҳои қабулшудаи стратегии кишвар, бахусус Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2038, амалишавии қонунгузории зиддитабъизӣ ва дурнамои фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, фаъолияти мақомотро  муаррифӣ намуд ва оид ба ҳамкориҳои самарабахш бо мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мушаххасан иттилоъ дод.

Инчунин, дар рафти вохӯрӣ вобаста ба Маърӯзаҳои солонаи мақомоти мазкур, баррасии тавсияҳо, гуруҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар самтҳои фаъолият суҳбат доир гардид.

Дар рафти мулоқот Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Нидерланд дар Тоҷикистон ҷаноби Николаас Схермерс барои пазироии дӯстона ба Умед Бобозода миннатдорӣ намуда, қайд намуд, ки барои ҳамкорӣ байни мақомоти Ваклатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати  Шоҳигарии Нидерланд ва дигар сохторҳои ин кишвар дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳавасманд мебошанд.

Дар маҷмуъ, мулоқот дар руҳияи ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкориҳои дуҷониба иброз намуданд.

 

Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор