Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ҷаласаи сайёри Шўрои ҳамоҳангсози

Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон баргузор гардид

Дар робита ба амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 рўзи 5 апрели соли ҷорӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сайёри Шўрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба татбиқи Барномаи мазкур баргузор гардид. Дар чорабинӣ аъзоёни Шўро – намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини Раиси Шўрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ – мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ Ҷаҳонгир Саъдизода ифтитоҳ намуда, оид ба аҳамияти амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва нақши аъзоёни Шўрои ҳамоҳангсоз дар татбиқи ҳадафҳои “Соли маърифати ҳуқуқӣ” суханронӣ намуд.

Зимни баргузории ҷаласа гузориши ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода оид ба корҳои анҷомдодашуда ва нақшаҳои минбаъда ҷиҳати мусоидат дар амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон шунида шуда, аъзоёни Шўро оид ба фаъолияти вазорату идораҳои марбута дар ин самт мулоҳизаронӣ намуданд.

Зимни ҷаласа барои аъзоёни Шўро ҳамчунин Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-533 аз 18 марти соли 2024 тасдиқ гардидааст, шарҳу тавзеҳ дода шуда, ҷиҳати амалисозии самараноки он тавсияҳои дахлдор дода шуданд.

Дар ин робита, натиҷаҳои фаъолияти вазорату идораҳо дар соли 2023 дар маҷмўъ қаноатбахш арзёбӣ гардида, дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №32/10-21 аз 25 январи соли 2024 ҷиҳати таъмини самаранокӣ ва иҷрои пурраи бандҳои дахлдори Барнома ба самъи аъзои Шўро расонида шуд.

Таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ раванди давомдор буда, дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд тамоми имкониятҳо барои дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” равона карда шаванд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон итминон дорад, ки амалисозии Барнома ҷиҳати боз ҳам баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мусоидат менамояд.

 

Хадамоти матбуоти

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор