Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад

ДУШАНБЕ, 20.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода  дар ҳамоиши сатҳи баланд барои ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хелсинкии Ҷумҳурии Финляндия иштирок менамояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар доданд, ҳамоиш аз ҷониби Маркази волоияти қонуни назди Донишгоҳи Хелсинкии Ҳукумати Финляндия ташкил шуда, дар он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони (омбудсменҳои) панҷ давлати Осиёи Марказӣ ва Финляндия иштирок доранд.

Дар рӯзи дуюми ҳамоиш Умед Бобозода тибқи барнома оид ба дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, қабули санадҳои муҳими стратегии Ҳукумат, алалхусус Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, инчунин фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ва дигар иқдоми Ҳукумат дар ин самт сухан гуфт.

Умед Бобозода дар бораи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла вазъи кунунии он, раванди ба даст овардани мақоми «А» тибқи Принсипҳои Париж, ҳамкории байналмилалии мақомот ва дигар масоил низ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Иштирокдорони ҳамоиш ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда бо мусоидати Маркази волоияти қонуни Ҳукумати Финляндия ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Омбудсмен ва дигар ниҳодҳои дахлдори ин давлат ҳамкории зич менамоянд.

Ҳамчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Маркази волоияти қонуни Ҳукумати Финляндия хонум Туйя Бракс, Прокурори генералии Финляндия Ари Пекка, Раиси Суди олии Финляндия Кари Куусиниеми, Канслери адлияи Финляндия Микко Пуумалайнен, Омбудсмени Финляндия хонум Майя Сакслин ва Директори генералии муассисаи ислоҳии Хелсинки хонум Анна Арола-Ярви вохӯрӣ намуд.

Бознашр аз АМИТ «Ховар»

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор