Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

 

Санҷиши фаъолияти Филиали муассисааи давлатии “Литсейи касбии махсуси маъюбон” ва муассисаи давлатии “Мактаб - интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ

Дастарасӣ доштани кӯдакон ба ҳуқуқ ва озодиҳои худ принсипҳои муҳими давлати демокративу ҳуқуқбунёд буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмин намудани чунин дастрасӣ мақомотҳои салоҳиятдори давлатӣ пайваста фаъолият мекунанд.

     Аз ин лиҳоз, санаи 20- уми апрели соли 2024 аз тарафи Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон санҷиши фаъолияти Филиали муассисаи давлатии “Литсейи касбии махсуси маъюбон” ва муассисаи давлатии “Мактаб - интернати ҷумҳуриявӣ” дар ноҳияи Рӯшон дар самти таъмин ҳуқуқҳои кӯдакон  гузаронида шуд.

Натиҷаҳои санҷиш нишон медиҳанд, ки дар муассисаҳои мазкур кӯдакон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ фаро гирифта шуда, фаъолияти таълимиву тарбиявӣ дар онҳо хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар доираи санҷиш бо тарбиягитгирандагони муассисаҳои мазкур вохӯрии иттилоотӣ гузаронида шуда, зимни он аз ҷумла оид ба  муҳимияти « Соли маърифати ҳуқуқӣ», донистани  санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон ва ниҳодҳои давлатии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак иттилоъ  дода шуд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор