Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

ВОХӮРИИ ИТТИЛООТӢ БО ТОЛИБИЛМОНИ МТМУ 11 ҶАМОАТИ ҒОЗИЁНИ НОҲИЯИ Б. ҒАФУРОВ

Дар доираи амалисозии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» санаи 4 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Намояндагии Ваколатдор оид ба хуқуқи инсон дар вилояти Суғд вохӯрии иттилоотӣ бо зиёда аз 100 толибилмони МТМУ №11 ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров баргузор гардид.

 

 

Дар чорабинии мазкур роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба хуқуқи инсон дар вилояти Суғд Ҳабиба Ҳамидова, мутахассиси пешбари НВҲИ Мастона Мамадҷонова, мудири шубаи кор бо ноболиғони РВКД дар вилояти Суғд Баҳодурзода Айниддин, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Шарипова Мунира Носировна, намояндаи Раёсати адлияи вилояти Суғд Исозода Нозимҷон, мудири шубаи маорифи ноҳияи Б.Ғафуров Олимӣ Манзура Зоидзода бо маърӯзаҳо баромад намуданд.   

 

        

Зимни чорабинӣ аз ҷониби кормандони Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд маълумот оид ба ҳадафу вазифаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон, аз ҷумла кӯдакон пешниҳод карда шуд. Инчунин оид ба ваколатҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва принсипҳои баррасии муроҷиатҳои кӯдакон маълумоти мухтасар пешниҳод гардид.

         Ба толибилмон оид ба таърихи қабулшавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили ҷашни 30–солагии он, “Соли маърифати ҳуқукӣ», талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҷавобгарӣ барои иҷро нагардидани талаботи мавҷуда мувофиқи қонунгузории амалкунанда ва дигар иттилооти дахлдор пешниҳод гардид.

         Дар фарҷоми чорабинӣ мудири шубаи маорифи ноҳияи Б.Ғафуров баромад намуда, ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои ташкил ва баргузории чунин чорабинии манфиатнок бо ҷалби тамоми субъектони ҳифзи ҳуқуқи вилоят изҳори миннатдорӣ баён намуд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор