Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Мизи мудаввар вобаста ба самти ҳуқуқи маъюбон

Рӯзҳои 16 - 17 апрели соли 2024 кормандони Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати иҷрои банди 185 Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2024 ҷиҳати муайян намудани дастрасии шахсони дорои маъюбият ба биноҳои инфрасохторӣ дар ҳудуди шаҳри Леваканти вилояти Хатлон мониторинг баргузор намуданд.

Натиҷаи мониторинг нишон дод, ки биноҳои мақомоти шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, САҲШ, шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, нозироти андоз, шуъбаи молия, нотариус, филиали «Амонатбонк», марказҳои савдо, дорухонаҳо ва роҳҳои пиёдагарди маркази ноҳия ба талаботи дастрасии маъюбон тибқи қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ мутобиқат намекунанд. Кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳангоми гузаронидани мониторинги биноҳои инфрасохтории зикршуда бо роҳбарони ин мақомотҳо сўҳбат намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва мутобиқ гардонидани дастрасии маъюбон тибқи талаботи қонунгузорӣ тавсияҳо доданд.

Дар моддаи 64 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани дастрасии объектҳои инфрасохтори иҷтимоӣ, нақлиёт ва истироҳатӣ ба маъюбон, новобаста аз сарчашмаҳои маблағгузории сохтмон талаб карда шудааст. Инчунин, мувофиқи қисми 1 моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дигар ташкилотҳо барои дастрасии бемамониати маъюбон (инчунин маъюбоне, ки аз аробачаҳои маъюбӣ истифода мебаранд) ба иншооти иҷтимоии инфрасохторӣ (истиқоматӣ, ҷамъиятӣ, биноҳои истеҳсолӣ, иншооти варзишӣ, мавзеъҳои истироҳатӣ, муассисаҳои маданию маърифатӣ ва дигар иншооту муассисаҳо), инчунин барои истифодаи бемамониат аз нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, нақлиёти автомобилии байнишаҳрӣ ва ҳамаи намудҳои нақлиёти мусофирбарии шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ, воситаҳои алоқа ва иттилоотӣ шароит фароҳам меоранд.

Ҳукумати ҶТ санаи 27 феврали соли 2021 таҳти рақами №52 Барномаи Давлатии «Муҳити Дастрас» барои солoҳои 2021 - 2025 қабул намуд, ки ин таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати ҶТ - ро нисбати масъалаҳои шахсони маъюбиятдошта нишон медиҳад. Ҳамчунин зимни сафари корӣ кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия вохўрӣ баргузор карданд. Зимни вохўрӣ масъалаҳои оид ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ҳуқуқҳои маъюбон, аз ҷумла таъмини шуғли маъюбон, дастрасии бемамониати онҳо ба иншооти инфрасохторӣ ва воситаҳои нақлиёт, таҳсилоти маъюбон, ҳуқуқи онҳо ба таъминоти иҷтимоӣ ва дигар имтиёзҳои онҳо баррасӣ гардиданд. Кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас доданд. Иштирокчиён пешниҳод намуданд, ки чунин вохўриҳо аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пайваста гузаронида шаванд, зеро ин барои ҳалли мушкилоти вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқи инсон ба кормандони мақомоти маҳаллӣ кўмак мерасонад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор