Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии ҷумҳурӣ

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо мақсади иҷрои саривақтӣ ва самараноки қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2023, №357 оид ба амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ва Нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025, инчунин амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2024, №АП-484 вобаста ба “Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд”, инчунин дар робита бо эълон шудани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, санаи 7 майи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи калони мақомоти ВҲИ бо намояндагони сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолият мебаранд, вохӯрӣ доир намуд.

Яке аз самтҳои муҳими Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038  тақвият додани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад ва раванди мазкур ба фаъолияти мақомоти ВҲИ алоқамандии зич дорад, зеро тибқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мусоидат намудан ба ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Аз ин лиҳоз, вохӯрии зикршуда ҷиҳати  тақвият додани ҳамкориҳои мақомоти ВҲИ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста ба амалисозии сиёсати ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва амалисозии нақшаҳои миллии амалҳо, инчунин нақшаҳои якҷоя дар самтҳои мухталифи ҳуқуқу озодиҳои инсон муҳим арзёбӣ мегардад.

Зимни вохӯрӣ аз раванди ҳамкориҳои мақомоти ВҲИ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ натиҷагирӣ карда шуда, ҷиҳати тақвият додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд аз ҳар ду ҷониб фикру мулоҳизаҳо ва таклифу пешниҳодҳои ҷолиб баён карда шуданд.

Тасмим гирифта шуд, ки чунин вохӯриҳои ВҲИ бо намояндагони сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ минбаъд низ идома дода мешаванд, зеро баргузории чунин ҳамоишҳо ҷиҳати пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷумҳурӣ ва таҳким бахшидани обрӯву эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд мусоидат мекунанд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор