Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Чорабинии иттилоотии шуъбаи ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъизи дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Шаҳринав, Шаҳритус ва Шамсиддини Шоҳин

    Дар доираи амалисозии “Соли маъфирати ҳуқуқӣ” санаи 25-26 уми аплери соли 2024 дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Роғун, санаи 14-16 уми майи соли 2024 ноҳияи Шаҳтирус ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои дар боло зикр шуда, намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу эзоҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” бо соктинони шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои иттилоотӣ гузарониданд.

 

 

Чорабинӣ бо ҳузури муовинони Раисони ноҳияҳо ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисону кормандони ҷамоту деҳот, сармуҳаррирони рӯзномаҳои маҳаллӣ, хабарнигорон, кормандони соҳаи маориф, фаҳанг, кормандони муассисаҳои таълимӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, кормандони соҳаи тиб ва ҳифзи иҷтимоӣ, ходимони дин, фаъолони ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.

 

  Дар чорабинни мазкур муовини Сардори шуъбаи ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз Икрамова З. дар мавзӯъи “Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон. Зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” баромад намуд.

Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби масъулон ба саволҳои иштирокчиён, аз ҷумла дар бобати фарқияти табъизи бевосита ва бависа, таъқиб дар ҷойи кор, зӯроварӣ нисбати кӯдакон ва ҳадафҳои ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак посухҳои мушаххас ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ пешниҳод гардиданд.

 

 Сипас, Сангова Шаҳноза – мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз дар мавзӯи шарҳи мафҳумҳои  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” суханронӣ намуданд.

Баъдан, Сафаргули Шамсулло – сармутахассиси Шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилӣ дар мавзӯи салоҳият ва ваколати мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз маърӯза карданд.

 

Дар фарҷоми чорабинӣ муовинони Раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ноҳияҳои Шаҳринав, Шаҳритус ва Шамсиддини Шоҳин ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доир намудани чунин ҳамоиши мутақобилан судманд миннатдорӣ ва омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор