Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Вохӯрии намояндагони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Палатаи савдои амрикоӣ дар Тоҷикистон

Санаи 27 майи соли 2024 аз ҷониби сардори шуъба ва муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо намояндаи Палатаи савдои амрикоӣ дар Тоҷикистон (American Chamber of Commerce in Tajikistan) дар меҳмонхонаи «Серена», ки макони ҷойгиршавии ташкилоти болозикр мебошад, вохӯрӣ анҷом дода шуд.

Намояндаи мақомот Солеҳзода З.И. оид ба таъсиси вазифаи Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъсиси Шуъбаи дахлдор дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соҳаи мазкур суханронӣ намуда, доир ба самтҳои асосии фаъолияти Шуъба, вазифаҳои тибқи қонунгузорӣ ва низомномаи мақомот ба шуъба вогузоршуда маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар навбати худ, намояндаи ташкилоти болозикр Нилуфар Булбулшоева аз ташрифи намояндагони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва баргузории вохӯрӣ изҳори миннатдорӣ намуда, оид ба мақсади таъсис ва самтҳои фаъолияти Палатаи савдои амрикоӣ дар Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.

Дар охир, ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки нақшаҳои кории худро доир ба самтҳои фаъолият ҷиҳати барқарор намудани муносибатҳои тарафайн мубодила намуда, ҳамкориҳои манфиатдорро дар соҳаи таъмини ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон ва истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ амалӣ хоҳанд кард.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

 

 

 

 

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор