Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Санаи 16 майи соли 2024 аз ҷониби сардори шуъба ва муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо роҳбари ташкилоти ғайритиҷоратии “Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” Насиба Аминова дар дафтари ин ташкилот вохӯрӣ анҷом дода шуд.

Дар оғози мулоқот Солеҳзода З.И. оид ба таъсиси вазифаи Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қайд намуда, иброз кард, ки бо мақсади татбиқи Барномаи такмили бахши молиявӣ ва идоракунии молия (зербанди 2), Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2030 ва банди 37-и Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2022, №469, вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон таъсис дода шуд.

Ҳамзамон, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, №555 дар сохтори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардида, сохтори нав – Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон низ таъсис гардид. Намояндаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон инчунин дар бораи самтҳои асосии фаъолияти шуъба, вазифаҳои тибқи қонунгузорӣ ва низомномаи мақомот ба шуъба вогузоршуда маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Намояндаи ташкилоти болозикр Насиба Аминова низ дар навбати худ аз баргузории вохӯрӣ изҳори миннатдорӣ намуда, дар бораи самтҳои фаъолияти Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Қайд кард, ки Ассотсиатсия ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошад ва фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ташаккул додани фазои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ба рушду такмили соҳибкории хурду миёна, ташкил ва рушди субъектҳои соҳибкорӣ (аз ҷумла соҳибкории хурду миёна), ташаккул ва рушди инфрасохтори фаъоли бозоргонӣ ва ташаккули табақаи иҷтимоии соҳибкорон, бардоштани иқтидори иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ (аз ҷумла барои сармоягузорони хориҷӣ), таҳияи таклифҳо оид ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаи соҳибкорӣ, мусоидат ба демонополизатсия ва рушди рақобат ва монанди инҳо мусоидат мекунанд, равона месозад.

Дар фарҷом, ҷонибҳо нақшаҳои кории худро доир ба самтҳои фаъолият ҷиҳати доир намудани ҳамкориҳои минбаъдаи тарафайн мубодила намуда, барои тақвият бахшидани ин ҳамкориҳо муваффақиятҳо таманно намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор